14-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси
кафедраи “Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ”-и факултети Энергетикӣ семинари илмӣ–амалӣ дар мавзӯи “Совершенствование качественных показателей инженерного образования” бахшида ба 60-солагии фаъолияти илмӣ–педагогии номзади илмҳои техникӣ профессор Содиқов Хисрав Ризоевичӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимии ин устоди донишгоҳ ба маърази тапмошо гузошта шуд.
Содиқов Х.Р. 14-уми майи соли 1937 дар шаҳри Сталинобод, ҳозира Душанбе, ба дунё омадааст. Соли 1956 баъди хатми мактаби миёна ба муассисаи авалини техникии навтаъсиси Институти политехникии Сталинобод ва баъдан Институти политехникии Тоҷикистон ва ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дохил мешавад. Баъди хатми институт, соли 1961, ба сифати ассистенти кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ» (ҲАЭ ва МЭ) ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз менамояд. Фаъолияти меҳнатии номбурда то имрӯз дар донишгоҳ сипарӣ гардидааст. Ӯ қариб дар ҳама вазифаҳо, аз ассистенти кафедра то ректори донишгоҳ, мудири кафедраи ҲАЭ ва МЭ, декани факултети энергетикӣ, проректор оид ба илм адои вазифа намудааст. Танҳо ду сол берун аз донишгоҳ, аз соли 1990, дар вазифаи ҷонишини вазири маориф фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 1991 ба сифати ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъйин карда мешавад ва муддати 10 сол ин вазифаро ба зимма дошт.
Раёсати донишгоҳ, ташкилоти ҷамъиятии ин даргоҳи муътабар устоди азизро бо 60-солагии фаъолияти илмию педагогӣ таҳният гуфта, орзуманди тансиҳатию дарозумрии ӯст.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.