Табрикоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 23.05.2022

Ҳамватанони азиз, ҷавонони хуштолеи кишвар!
Мусаллам аст, ки ҳар сол 23-юми моҳи май дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.
Ба ифтихори ҷашни ҷавонон, ки дар диёри ҷавон таҷлил мегардад, кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – донишҷӯёну устодони гиромиро самимона шодбош мегӯям.
Мавриди зикр аст, ки кор бо ҷавонон ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҳамчун Роҳбари давлат ба фаъолият оғоз намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.
Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар нахустин мулоқотҳо бо ҷавонони кишвар иброз дошта буданд, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
Дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи миллат эътироф гардида, нақши онҳо дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат муассир мебошад.
Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додааст.
Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун муассисаи базавии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ имрӯз барои таҳсилу зиндагии ҷавонони хуштолеи мамлакат шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз аз 468 нафар ҳайати устодону кормандони раёсати донишгоҳ қисмати зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар рушди донишгоҳ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмию тахассусии донишҷӯён нақши муҳим доранд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол аз теъдоди умумии кормандони ҷавони донишгоҳ 56 нафарашон номзади илм мебошанд. Дар баробари ин давоми 5 соли охир 7 нафар устодони ҷавони донишгоҳ аз рӯйи равияҳои илмҳои техникӣ, бунёдӣ ва гуманитарӣ ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардидаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамчун бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 заминаҳои ҷалби бештари ҷавононро ба самтҳои мазкур фароҳам овард.
Солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳарчи бештар мусоидат намудан ба раванди татбиқи бистсолаи эълоншуда озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ карда мешавад.
Дар баробари озмуни мазкур, инчунин, соли сеюм аст, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодааст.
Бо ифтихор бояд изҳор дошт, ки имрӯз дар кишвари азизамон олимону донишмандони содиқ ба илм зиёданд ва ҷавонони боистеъдод бо пайравӣ аз онҳо ба роҳи илму ҳунар бо ҷасорати хосса ворид мегарданд.
Бори дигар Рӯзи ҷавононро ба ҳамаи ҷавонони кишвар самимона табрик гуфта, тандурустӣ, бахту саодат ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду хушбахт бошед!
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат