Рӯзи 25-уми майи соли 2022 хонандагони синфи 6-уми Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи барномаи дарсии фанни биология Боғи Ирам - Боғи ботаникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро тамошо карданд. Дар рафти дарс-тамошо-саёҳат аз ҷониби омӯзгорони пуртаҷриба хусусиятҳои ҳар як дарахти боғ, ки аз давлатҳои гуногун оварда, парвариш намудаанд, ба хонандагон маълумот дода шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.