Шурӯъ аз 26-уми майи соли 2022 донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва хонандагони литсейи техникии назди донишгоҳ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» иштирок карда истодаанд.
Даври ноҳиявии озмун аз рӯйи номинатсияҳои муқарраршуда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Донишҷӯён ва хонандагонро дар озмун сардори раёсати илм ва инноватсия, намояндагони сохторҳои раёсат, мудирони кафедраҳо ва устодон ҳамроҳӣ мекунанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.