ДАСТГИРИИ ВАЗОРАТ: САРМОЯ БА КОРҲОИ ИЛМӢ

 31.05.2022

31-уми майи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузорон, ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ва шарикони рушд ҷиҳати ҷалби сармоя ба корҳои илмӣ таҳти унвони "Сармоя ба корҳои илмӣ" баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ дастгирии татбиқи натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва тақвият бахшидани талошҳо барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат аст.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар қатори 60 лоиҳаи презентатсияшаванда, ки аз ҷониби олимони тамоми донишгоҳҳои кишвар пешниҳод гардид, 11 лоиҳаи олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ пешниҳод ва баррасӣ карда шуд.

IMG_5351 IMG_5391 IMG_5392 IMG_5382 IMG_5372 IMG_5370 IMG_5348 IMG_5343 IMG_5339

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат