Иштироки донишҷӯёни хориҷӣ дар дави байналмилалии «Об барои рушди устувор»

 07.06.2022

4-уми июни соли 2022 донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар дави байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 ташкил ва баргузор гардид, якҷо бо сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷурахонзода Р. донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши Марафони глобалӣ дар қисмати Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайатҳои гуногуни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар як қатор чорабиниҳои дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» баргузоргардида фаъолона иштирок мекунанд.
 
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат