7 дастгоҳи Маҳҷабин. Кори кадом соҳаро осон мекунад?

 08.06.2022

Маҳҷабин Давлатқадамова донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ буда, аллакай барои соҳаи хоҷагии қишлоқ 7 дастгоҳ офаридааст.
“Нерӯгоҳӣ барқӣ” ва “огоҳкунаки беноқил” намунаи барҷаста аз кори ӯст, ки истифодаи он мушкилоти хоҷагии қишлоқро кам мекунад. Нерӯгоҳи ихтироъкардаи Маҳҷабин аз 1 то 3 мвт қуваи барқ истеҳсол мекунад. Огоҳкунаки беноқили Моҳҷабин Давлатқадамова низ метавонад дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноат инчунин дар соҳаи ҳарбӣ истифода гардад.
“Ин асбоби сохтаи мо яъне, огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар доданд аз офатҳои табиӣ, муҳофизати хонаҳо, анборҳо, маҳаллаҳои муҳофизатшаванда ва дар роҳҳои хавфнок барои мондани чароғакҳои роҳнамо истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани офати табиӣ, асбоб метавонад аз маҳалли хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад.”,- мегуяд Маҳҷабин Давлатқадамова.
Маҳҷабин дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Ӯ соли 2014 дар озмуни “Техникони Ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон, таҳти унвони “Як қадам ба пеш”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст. Инчунин соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кард.
Маҳҷабин Давлатқадамова ҳамрӯза пас аз дарс зери роҳбарии Қурбонов Бадриддин малакаву маҳорати техникиашро тақвият мебахшад. Ӯ мехоҳад, дар оянда бонуи мувафақ дар самти ихтироъкорӣ гардад.
Баҳруллои Маҳмадшариф
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат