Конференсияи IV-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳандис»

 20.06.2022

19-уми июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи IV-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳандис» баргузор гардид.
Дар кори конференсия Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, мудири шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор, собиқадорони ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳандис» оид ба фаъолияти корӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра аъзоёни Кумитаи иҷроияи «Муҳандис» - устодону донишҷӯён дар чандин конференсияву ҳамоишҳои илмиву ҳизбӣ, инчунин дигар чорабиниҳои аз ҷониби Дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил шуда иштироки фаъол анҷом доданд. Вакилон ба музокира баромада дар ҳамовозии аъзоёни ҳизб ҳисоботро мусбат арзёбӣ намуданд.
Аз рӯйи масъалаи дигари конференсия бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раёсати кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳандис», раис, муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз нав интихоб гардиданд.
Сипас Давлатзода Қудрат - раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳандис» зимни суханронии худ афзуд, ки ҳайъати аъзоёни ҳизб дар маъракаҳои сиёсии интихоботии солҳои гузашта фаъолона иштирок намуда, дар амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ, дастгирии сиёсати бобарори Президенти кишвар, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, соҳибкасб намудани ҷавонон ва дастгирии ибтикороти наҷиби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз доранд.
Зимнан Ширинбекзода Садриддин - мудири шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ перомуни хизматҳои арзандаи Раиси муаззмами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозии навин, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатофарӣ, мардумсолории Пешвои миллат, таъмини якпорчагии Ватан, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи шахсияти меҳанпараст, рушди босубботи соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди илму техника, татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи фанҳои дақиқ, риёзи ва табиатшиносӣ, индустриакунонии кишвар, амали намудани нақшаҳои “Солҳои рушди саноат” тарғиби идеологияи миллӣ ва амсоли ин суханронӣ кард.
Инчунин, дар рафти конференсия Гулаҳмадзода Зулфиқор - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҷеъ ба баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, садоқат ба Ватан, миллат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, дастгирӣ ва ҳамовозии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ анҷом доданд.
Дар интиҳо ба як қатор омӯзгороне, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба онҳо супорида шуд ва фаъолони ҳизб бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
288961162_8038638536161138_1119101474184829082_n288632508_8038640482827610_214805768730451173_n287205886_8038640716160920_2725938604213655238_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат