Барномаи миллии такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ

 14.11.2022

 

WhatsApp Image 2022-11-14 at 11.08.40_3

 

WhatsApp Image 2022-11-14 at 11.08.40 (2)_4

Санаи 12-13 ноябри соли 2022, дар бинои Филиали Донишгохи технологи дар шаҳри Исфара бинобар супориш шудани таҳия ва татбики Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри нешбурди соҳаи зеҳни сунъӣ дар мамлакат, Шуроӣ зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои худро баҳри амалисозии ҳадафхои лоиҳаи Стратегия, ба нақша гирифтааст. Дар доираи чорабинии мазкур, барномаи умумиҷумҳуриявии такмили ихтисоси устодони мактабҳои олии мамлакат дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ки дар хамкорӣ ба ташкилоти ҷамъиятии “ТаҷРапт” ва Барномаи рушди СММ амалӣ гардонида мешавад, баргузор гардид.

Аз ҷониби донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, доктори PhD, мудири шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмӣ Қаюмов Маҳмадзоир ширкат варзид. Дар ин чорабини ҳамчунин як гуруҳ устодони дониҳгоҳ низ курси такмили ихтсосро гузашта истода ва он дар шакли online аз моҳи май то декабри соли 2022 идома дорад.

Натиҷаи такмили ихтисоси устодони донишгоҳ дар самти мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониши касбии онҳо ва инчунин барои кушодашавии маркази зеҳни сунъӣ дар донишгоҳ нақши асосиро хоҳад бозид.


Ба рӯйхат