20-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба рӯзи энергетикҳо Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Энергетика: ҳолат ва дурнамои рушд” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК "Барқи Тоҷик", ҶСК "Тоҷикгидроэлектромонтаж" ва дигар намоядндагони ширкатҳои сохтмонии ватанӣ, ҳамчунин устодону донишҷӯёни факултети энергетикии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар охир ба устодони фаъоли факултети энергетикӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” ифтихорномаву сипосномаҳо ва нишони Аълочии “Барқи тоҷик” супорида шуд.
Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.
Дар конференсияи мазкур дар умум 76 мақола бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид карда шуданд.
Дар конференсия ғайр аз устодони дохилии донишгоҳ, магистрантон ва докторантону аспирантони макотиби дигари ҷумҳурӣ, инчунин зиёда аз 10 мақола аз муҳаққиқони донишкадаву донишгоҳҳои олии Федератсияи Руссия пешниҳод намуданд.