Пайвасти илм бо истеҳсолот!

 10.02.2023

Пайвасти илм бо истеҳсолот!

Имруз миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд доир гаршт. Дар нишаст ҷонибҳо вобастаи ба самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла масъалаи тайёр намудани мутахассисон, таҳияи санадҳои меъёрӣ, корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ибрози андеша намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти муштарак қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Инчунин, раёсати донишгоҳ ва роҳбарияти Кумита бо мақсади ҳамгироии илм бо истеҳсолот, гузаронидани дарсҳои амалӣ дар истеҳсолот, корҳои таълимӣ, илмӣ-техникӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети сохтмон ва меъморӣ дар зерсохторҳои Кумита ба мувафиқа расиданд. Дар охир аз натиҷаи мулоқот Протоколи ҳамкории байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ оид ба масъалаҳои тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ, беҳтар намудани заминаи моддию таълимии донишгоҳ, густариши ҳамкориҳои илмиву амалӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кадрҳои сохтмонӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ ба имзо расонида шуд.


Ба рӯйхат