Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ устоди кафедраи "Коркарди энергиябарандаҳо ва хизматрасони нафту газ", Насрединова Парвина Мухридиновнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Арзёбии экологии истифодашавии захираҳои ангишти конҳои “Ҳакимӣ” ва “Тошқӯтан (Шӯрхок)” ҳамчун сӯзишвории сахт” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 03.02.08 – экология ва 02.00.03 – Химияи органикӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки санаи 13 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, самимона муборакбод мегӯяд.