01 марти 2023 ҳайати намояндагони Институти физикаи Донишгоҳи федералии Қазони Федератсия Русия ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварданд.
Ҳайати ду ҷониб дар мулоқот масъалаҳои марбут ба омода намудани муҳандисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, рушди ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, баргузории олимпиадаҳои тахассусӣ, нашри мақоллаҳои илмии ду ҷониб дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, баргузории конференсияҳо ва идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва аспирантура дар муассисаҳои таълимии тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр карда шуд, ки иқтидори илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи федералии Қазон бузург буда, дорои шароити хуби таҳсил ва омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни муҳандисиро доро мебошад.
Ҷонибҳо вобаста ба муҳимияти нигоҳдошти муносибатҳои судманд мавқеи якхела иброз намуда, ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар самти радиофизика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.