ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ НАҚЛИЁТИ ТОШКАНД БА ДОНИШГОҲ

 15.03.2023

Дар доираи баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" 15 марти 2023 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ҳайати Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошкандро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст, меҳмонон аз як қатор озмоишгоҳҳо ва кафедраҳои тахасусии факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ боздид ба амал оварда, бо ҳайати профессорону омӯзгорон мулоқот анҷом доданд. Ҷониби меҳмонон аз иқтидори илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, инчунин мавҷудияти шароити хуби таҳсил дар самти омода намудани мутахассисони самтҳои роҳу нақлиёт изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.
Дар фарҷом ҳайатҳо зикр намуданд, ки корҳои илмӣ – таҳқиқотии дуҷониба, омода намудани муҳандисони баландихтисоси самтҳои роҳу нақлиёт, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, мубодилаи донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон дар машғулиятҳои илмию амалӣ тақвият дода мешаванд.
 
photo_2023-03-15_18-00-11_1
photo_2023-03-15_17-59-59_1

Ба рӯйхат