Дар пайравии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии 20 солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табии, инчунин дар асоси “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табии барои солҳои 2021-2025” Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли чорум аст, ки дар якҷоягӣ бо Иститути илмӣ таҳқиқотии “МЭИ” Россия конференсияи баналмилалии илмӣ-техникии донишҷӯён ва аспирантон дар мавзӯи “Радиоэлектроника, электротехника и энергетика” бо тариқи маҷозӣ баргузор мегардад.
Санаи 16 марти соли ҷорӣ низ XXIX конференсияи баналмилалии илмӣ-техникии донишҷӯён ва аспирантон дар мавзӯи “Радиоэлектроника, электротехника и энергетика” бо тариқи маҷозӣ баргузор гардид, ки намояндагони 22 муассисаҳои олии касбӣ (Россия, Тоҷикистон, Миср, Узбекистон ва ғайраҳо) иштирок намуданд.
Дар бахши 62 конференсия “Электроэнергетикаи Осиёи Миёна”, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор шуд, меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон низ иштирок варзиданд.
Пас аз анҷоми кори конференсия меҳмонон ва иштирочиён аз озмоишгоҳҳои факултети Энергетикӣ дидан намуданд.