ТАНТАНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ

 17.03.2023

Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ – Политехник бо шукуҳу тантанаҳои хос Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд.
Дар ҷашни Наврӯзӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо фараҳмандӣ ширкат намуданд.
Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори донишгоҳ ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз аз эҳёи табиат, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, баробаршавии шабу рӯз, оғози кори деҳқон ва ҳазорҳо амали неки дигар дарак дода, ҳамагонро ба покию меҳнатқаринӣ, ки баракати рӯзгор аст, даъват менамояд.
Сипас, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳо, баҳри болидахотирии иштирокчиёни Наврӯзи байналмилалӣ бахши фарҳанги донишгоҳ барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.


Ба рӯйхат