Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ унвонҷӯи кафедраи “Системаи таъмини об, газугармӣ ва ҳавотозакунӣ” Бадавлатова Бунафша Худоёровнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии раванди шаффофкунии пешакии обҳои рӯизаминӣ (дар мисоли пойгоҳи обтозакунии худҷории шаҳри Душанбе) (Совершенствование процесса предварительного осветления поверхностных вод (на примере очистной станции самотечного водопровода города Душанбе))», барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.23.04 – Обрасонӣ, обу корез, системаҳои сохтмонии ҳифзи захираҳои об дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-027 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ки санаи 14 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, самимона муборакбод мегӯяд.