ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 18.03.2023

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзи 18 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ зери унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз» баргузор гардид, ки дар он н.и.ф., дотсент-фолклоршинос, мудири кафедраи “Методикаи таълими забон ва адабиёт”- и факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир иштирок намуда, дар мавзуи «АҶАМРО ҶАМЪ НАВРӮЗИ АҶАМ КАРД» маъруза кард. Ҳамчунин дар ҳамоиш мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.т., дотсент Шарофов Э.У. зери мавзуи «ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ҶАШНИ НАВРӮЗ», мутахассиси шуъбаи тарбия Амонатова Ф. дар мавзуи «ИНЪИКОСИ НАВРӮЗ ДАР ОСОРИ АДИБОНИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК» ва н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Қурбоншоев И.Ҷ. дар мавзуи «НАВРӮЗ ВА ФАЛСАФАИ ОФАРИНИШИ ТАБИАТ» маърузаҳои худро ироа намуда, таҳқиқоти худро оид ба ҷашни Наврӯз ба ҳозирин матраҳ намуданд.

IMG_362643_1

 

 


Ба рӯйхат