Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои Миллат дар иқдоми ҷаҳонишавии ҳифзи пиряхҳо»

 29.03.2023

+2Снимок+4Снимок+3Снимок_1

WhatsApp Image 2023-03-29 at 16.41.397ae8fc1d-ef00-48e7-825a-599e79e5ba6c+1Снимок

 

 

                Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои Миллат дар иқдоми ҷаҳонишавии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони раёсати донишгоҳ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

                  Меҳмонон ва устодони Донишгоҳ дар маърӯзаҳои худ, қайд намуданд, ки ташаббуси навбатии Пешвои Миллат дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли “Ҳифзи пиряхҳо”, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, саривақтиву муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҳарчи зиёдтар талошу кӯшишҳои худро нисбати мушкилотҳои марбут ба об равона созанд.

                  Воқеан, Қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи ибтикорот ва пешниҳодоти Тоҷикистон ва бо ташаббуси  Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд; аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 “Соли оби тоза”, эълон гардидани солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли ҳамкорӣ ва соҳаи об”, 21 декабри соли 2016 қабул намудани Қатънома оид ба Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дар раванди ҳалли мушкилотҳои марбут ба об муҳим мебошанд.

                  Чуноне ки медонем, имрӯз захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, ба хусус, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди нерӯи сабз ва пойдории табиат таъсир мегузорад. Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошанд. Кишвари мо зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад.


Ба рӯйхат