Дар доираи амалигардонии 20 солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ 31-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҷумҳуриавии илмӣ-амалии “Дурнамои тараққиёти истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, сардори раёсати илм ва инноватсия, декани факултети сохтмон ва меъморӣ ва устодону донишҷӯён ширкат доштанд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи, дотсент Абдуллозода Р. Т. чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи мақсади баргузории конференсия, муҳтавои мақолаҳои пешниҳодшуда, зарурияти гузаронидани чунин чорабинӣ ва ташаббусҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифу илм дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Дар идома доктори илмҳои меъморӣ, профессори кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот Ҳасанов Н.Н. суханронӣ намуда, чунин қайд намуд, ки конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти технологияи муосири коркарди истеҳсоли масолеҳҳои сохтмониро дар ин самт муайян месозад, баргузор гардида истодааст. Мавзуи конференсия бевосита ба самтҳои афзалиятноки рушди шаҳрсозӣ алоқаманд буда, бо муқаррароти Стратегияи рушди соҳаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 асоснок карда шудааст.
Тоҷикистон аз лиҳози мавқеъи ҷойгиршавӣ ва шароити иқлимиву табиӣ бо якчанд омилу проблемаҳои мураккабсозандаи сохтмонӣ дучор мебошад, ки ҳалли онҳо бе рушду тараққиёти истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонии муосир ғайриимкон мебошад. Муҳимтарин аз ин омилҳо, албатта – зилзиланокии мавзеи сохтмон, иқлими гарм, релефи мураккаб ва хокҳои фурӯнишини асосҳо ба ҳисоб мераванд.
Мавриди зикр аст, ки конференсия аз ҷониби кафедраҳои факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳ доир гардида, пас аз нисфирӯзӣ кори худро дар бахшҳои «Сохтмон ва меъморӣ», «Масъалаҳои иншооти гидротехникӣ ва иншооти зеризаминӣ» ва «Масолеҳҳо, маснуоти сохтмонӣ ва технологияи сохтмон» бо роҳбарии раисони бахшҳо ва бо ширкати олимону омӯзгорон ва муҳаққиқон кори худро идома дод.