Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

 07.04.2023

          Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» баргузор гардид.

         Ба кори озмун бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Абдуллозода Р.Т. ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мегузарад, хайрамақдам гуфт.

        Барои гузаронидани даври якуми озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо, фармоиши ректор, ҷадвали баргузории озмун ва назорати он, тасдиқи ҳайати ҳакамон,  гузаронидани семинарҳои машваратӣ барои ҳайати ҳакамон ва масъулони гузаронидани озмун, назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун, омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун, таъсиси комиссияи аппелятсионӣ амалӣ гардонида шуд.

       Дар озмун бакалаврон ва магистрантон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос иштирок намуданд.

WhatsApp Image 2023-04-07 at 16.55.58

WhatsApp Image 2023-04-07 at 17.04.59WhatsApp Image 2023-04-07 at 16.51.45WhatsApp Image 2023-04-07 at 16.49.48WhatsApp Image 2023-04-07 at 16.50.51WhatsApp Image 2023-04-07 at 17.14.45


Ба рӯйхат