Таҷлили Рӯзи илми тоҷик

 27.04.2023

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии устодону донишҷӯён ва аспирантону унвонҷӯён таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» дар доираи ҳафтаи илм ба муносибати Рӯзи илми тоҷик баргузор  гардид.

 Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърӯзаҳо дар мавзуъҳои “Ҳифзи пиряхҳо ва проблемаҳои захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Зеҳни сунъӣ: хатаровар ё ёрирасони инсон?”, “Методы измерения дорожных покрытый”, “Саҳми Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим” аз тарафи олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва бакалаврҳо пешниҳод гардид.

Маводи мақолаҳои конференсия оид ба самтҳои гуногуни конференсия дар доираи зиёда аз 110 адад мақолаи илмӣ гирд оварда шудааст. Мақолаҳо ба 6 бахш (11 самт) тақсим шудаанд, ки аз “Энергетика ва иқтисод”, “Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ”, “ Нақлиёт ва сохтмони нақлиётӣ», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборатанд. Дар маҷмӯа натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва амалии олимону муҳаққиқон оварда шудаанд.

Дар охир омӯзгороне, ки саҳми назаррас дар омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ,  кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузоштаанд, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

IMG_0329


Ба рӯйхат