Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ муаллими калони кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” Раҳимов Фирдавс Мирзоумаровичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Таҳқиқ ва коркарди системаҳои электрикии локалӣ дар асоси дастгоҳҳои энергетикии амудӣ – меҳварӣ бодии намуди каруселӣ (Исследование и разработка локальных электроэнергетических систем на базе вертикально – осевых ветроэнергетических установок карусельного типа)», барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.14.01 – Системаҳо ва муҷтамаъҳои энергетикӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-049 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ки санаи 26 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, самимона муборакбод мегӯяд.