Мавриди зикр аст, ки конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ: маърифати экологӣ ва таъмини сифати об» низ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ҳамкории дуҷонибаи корхонаву идораҳои ҷумҳурӣ бо донишгоҳ, баррасӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои дастовардҳои илмӣ – назариявии олимони соҳа ҷиҳати ҳифз ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, технологияи тозакунии об ва баланд бардоштани маърифати истифодабарии об баргузор гардид.
Пас аз анҷоми кори конференсия меҳмонон ва иштирочиён аз намоишгоҳи дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дидан намуданд.