Санаи 19 - 20 майи соли ҷорӣ дар Литсейи касбии саноат ва кимиёи шаҳри Леваканд олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рӯйи 5 номинатсия: математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҷойи III - Муҳаммад-Алии Абдуқаюм, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1530102-«Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот», дар номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ;
Ҷойи III - Бозорзода Бахтиёр, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-560202А-«Геодезия ва харитасозӣ», дар номинатсияи