ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

 22.05.2023

 

Санаи 22-уми май дар ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид, ки дар он ҳафт нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, чор нафари онҳо аз рӯйи номинатсияҳои зерин ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд:

  • Исмоилов Ҷонибек, донишҷӯи курси 1-уми факултети сохтмон ва меъморӣ - ҷойи I аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”;
  • Раҳмон Тоҷиддин, донишҷӯи курси 4-уми факултети сохтмон ва меъморӣ - ҷойи I аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди наср”;
  • Аброров Абдулло, донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ - ҷойи II аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”;
  • Воҳидов Нуриддин, донишҷӯи курси 3-юми факултети сохтмон ва меъморӣ - ҷойи III аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назм”.

Ҳамчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур СИПОСНОМА тақдим карда шуд.  

Ғолибон ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд.

изображение_viber_2023-05-22_16-30-11-970изображение_viber_2023-05-22_16-30-12-232изображение_viber_2023-05-22_16-30-12-792изображение_viber_2023-05-22_16-31-21-570изображение_viber_2023-05-22_16-31-22-793


Ба рӯйхат