Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар самти омода намудани мутахассисони муҳандисӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” як қатор чорабиниҳои илмӣ-амалиро дар соли 2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ баргузор намуд. Дар ин давра дар донишгоҳ 9 конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо донишҷӯёну унвонҷӯён ва олимон фаъолона ширкат варзида, натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро ба нашр расониданд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари нашри мақолаҳо дар маводи конференсияву маҷаллаҳои илмии донишгоҳ фаъолияти олимони донишгоҳ дар самти интишори мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризии байналмилалӣ, аз ҷумла Scopus, Web of Science ва ғайра хеле назаррас аст. Аз он ҷумла дар соли сипаришуда аз ҷониби устодони донишгоҳ зиёда аз 40 мақола (Scopus, Web of Science ва амсоли онҳо) чоп гардидааст.
Аз ин ҷост ки тибқи нишондоди рейтинги Вэбомэтрикс Ранкин оф Юнивурситиз Ворлд (Webometrics Ranking of Universities World), ки бо номи Ранкин Вэб оф Юнивурситиз (Ranking Web of Universities) маъруф аст, ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ тайи солҳои охир бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон қарор гирифт, ки вобаста ба якчанд нишондод, аз ҷумла иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ ва номи донишгоҳ, сомонаи интернетӣ ва ғайра асос ёфтааст. Ин рейтинг дар асоси пажӯҳиши Шурои Миллии Таҳқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад. Ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону донишҷӯён мебошад.
Ҳамин тавр, Шурои Миллии Таҳқиқоти Испания (CSIC) моҳи январи соли 2024 рейтинги нави худро мунташир сохт, ки тибқи он Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дошта, дар сатҳи ҷаҳон дар байни зиёда аз 31000 донишгоҳу донишкадаҳо (Universities: January 2024 Edition 2024.1.1 beta) дар зинаи 5415 қарор дорад, ки назар ба соли гузашта 101 зина боло рафтааст.
Манбаъ: