ЭЪЛОН ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

 10.02.2024

ЭЪЛОН ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ
 
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил дар Донишгоҳи IT Остона (Astana IT University) дар доираи барномаи табодули академӣ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 эълон менамояд.
Талабот барои довталабон:
1. Шаҳодатномаи донистани забони англисӣ (Upper-Intermediate level),
2. Транскрипт (ҳадди ақали GPA 3.5),
3. Мактуби асосноккунӣ (Motivation Letter),
4. Нусхаи шиноснома.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тариқи хаттӣ ва электронӣ ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ (бинои асосии донишгоҳ, ошёнаи 3, утоқи 1/313) муроҷиат намоед.
Бақайдгирии довталабон тариқи онлайн дар сомонаи https://admission.astanait.edu.kz/international-students... оғоз гардида, қабули ҳуҷҷатҳо то 27 феврали соли 2024 ба роҳ монда мешавад.

Ба рӯйхат