КУРСИ ОМӮЗИШӢ

 03.03.2024

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, муқаррароти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ тадбирҳои саривақтӣ андешида, як қатор лоиҳа ва иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

 Ҳамин тариқ, бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии Cezeri Lab дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ санаи 10-18 феврали соли ҷорӣ тренинги омӯзишӣ доир ба барномаи муосири роботсозӣ ва истеҳсоли дронҳо дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

  Дар курси мазкур Қурбонов Бадриддин - сармутахассиси шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва Давлатқадамова Моҳҷабин - мутахассиси маркази дарёфти лоиҳа ва грантҳо иштироки фаъолона намуда, барномаҳои касбии таълимиро дар Маркази омӯзиши робототехникаи DENEYAP-и шаҳри Истанбул ва Маркази омӯзишии дронҳои бесарнишини ширкати SAPMAZ-и шаҳри Анқара аз худ намуданд. Пас аз анҷоми барномаи курси омӯзишӣ ва супоридани санҷишҳо, иштирокчиёни фаъол соҳиби сертификат ва шаҳодатномаи ронандагии дронҳои бесарнишини ширкати SAPMAZ гардиданд.

   Ёдовар мешавем, ки дронҳои ширкати SAPMAZ бо шарофати аксҳои баландсифат ва тасвирҳои сканкунии инфрасурх барои беҳсозии ҳосилнокӣ, мониторинги сатҳи рушди зироатҳо, иқтидори обёрӣ ва самаранокӣ, мубориза бо бемориҳо ва ҳашароти зараррасон ва ғизодиҳии растанӣ дар корҳои кишоварзӣ истифода мешавад.

   Иштироки намояндагони донишгоҳ дар курси омӯзишии мазкур муҳим арзёбӣ гашта, ҷиҳати омода намудани мутахасисони ботаҷриба, такмили дараҷаи касбии устодон, пешбурди фаъолияти илмии донишгоҳ, рушди илмҳои техникӣ ва омода намудани муҳандисони баландихтисос заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

IMG-20240213-WA0017  IMG-20240215-WA0178(1)  IMG_20240214_103241


Ба рӯйхат