БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

 06.03.2024

Соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти хонандагону донишҷӯён ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва умуман мардуми Тоҷикистон мегардад.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои  4-ум ва 5-уми марти соли 2024 даври аввали Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, дар он хонандагони литсеи назди донишгоҳ, донишҷӯёну унвонҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун дар номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назм донишу малакаи хешро назди ҳайати ҳакамон санҷиданд.

Ҳамин тавр, дар даври аввали озмуни мазкур зиёда аз 30 нафар довталабон иштирок намуда, ғолибон ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифтанд.

ФСДКА

ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ 2

ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ 3


Ба рӯйхат