РОҲАНДОЗИИ ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ ДОНИШҶӮЁН БО ДОНИШГОҲИ IT ОСТОНА-

 28.03.2024

РОҲАНДОЗИИ ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ ДОНИШҶӮЁН БО ДОНИШГОҲИ IT ОСТОНА
 
Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус, барои макотиби олӣ як ҷузъи муҳими фаъолияти касбӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ин омода намудани кадрҳои илмӣ - педагогӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
 
Бо мақсади амалӣ намудани қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №17/2 “Оид ба табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар” ва иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар доираи созишномаи тарафайн бо Донишгоҳи IT Остона 10 нафар донишҷӯён аз санаи 27 март то 01 июни соли 2024 ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардиданд.
 
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи IT – Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешқадам дар самти омода намудани мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, таҳсил дар донишгоҳ бо забонӣ англисӣ ба роҳ монда шудааст. Барномаҳои таълимии донишгоҳ дар асоси стандартҳои байналмилалии олмонӣ аккредитатсия карда шуда, донишгоҳ дар рейтинги байналмилалӣ ва миллӣ мавқеи намоён дорад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
Все реакции:
31
 
 

Ба рӯйхат