Маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Ҷумҳурии Узбекистон ворид гардид

 08.04.2024

Polytechnic Bulletin

Ба диққати магистрантон, докторантони Phd, унвонҷӯён, ва ҳайати проффесорону кормандони донишгоҳ ва ҳамаи он нафароне, ки бо маҷҷалаи «Паёми политехникӣ» ҳамкорӣ доранд расонида мешавад, ки бо қарори президиуми Комиссияи олии аттестатсионии  Ҷумҳурии Узбекистон таҳти №353/4 аз таърихи 06.04.2024 «Паёми политехникӣ» ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и ҶУ ворид шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки аз се бахши «Паёми политехникӣ» бахшҳои «Таҳқиқоти муҳандисӣ» ва «Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия» ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду самти он (физика, металургия ва маводшиносӣ)  ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и Федератсияи Россия шомил мебошанд.

Дастоварди навбатии маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ»-ро ба ҳайати таҳририя ва ҳайати проффесорону кормандони донишгоҳ самимона муборакбод менамоем.

Шомил гардидани маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» ба руйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Узбекистон барои ғанӣ гардонидани махзани илмии маҷалла ва васеъ намудани доираҳои ҳамкорӣ миёни унвонҷӯёну олимони кишварамон бо ҳамсоякишвар мусоидат менамояд.


Ба рӯйхат