Ташрифи Президенти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

 23.04.2024

Имрӯз, 23 апрели соли 2024, дар факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки Президенти Донишгоҳи давлатии Урали Чанубӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Александр Леонидович Шестаков семинари кушоди илмӣ баргузор гардид. Семинар дар заминаи ҳамкориҳои ду донишгоҳ ташкил карда шуд. Дар кори семинар намояндагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин устодон, докторантони Phd, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Профессор Шестаков А.Л. дар мавзӯи «Рушди донишгоҳҳо.  Рақамикунонӣ. Техникаи информатсионӣ-ченкунанда ва таъсири он ба тағйирёбии равандҳои рӯй дода истода» дар назди ҳозирин баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатманд дод. Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти Донишгоҳи давлатии Урали Чанубӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак ва омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ пешниҳодҳои мушахас дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар тайёр намудани олимони ҷавон барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриамон дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ назаррас мебошад. Айни ҳол, зиёда аз даҳ нафар хатмкардагони донишгоҳи болозикр дар ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ фаъолият намуда, саҳми худро дар рушди илм ва раванди таълим гузошта истодаанд.

23.04.2024.01

23.04.2024.02

23.04.2024


Ба рӯйхат