Ғолибияти донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”

 24.04.2024

Санаи 24.04.2024 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар "Кохи Суруш" маросими қадрдонии ғолибони Озмуни "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали Озмуни мазкур дар донишгоҳ санаи 08.02.2024 бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён баргузор гардида ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Даври дуюм бошад дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хушбахтона дар даври дуюм як қатор намояндагони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Ҳамин тариқ дар даври дуюм иштирокчиён аз донишгоҳи мо ҷойҳои зеринро ишғол намуданд:

Ҷойи якум

  1. Мирзовалиев Хушбахт Исмоилович – донишҷӯи курси 4, ихтисоси технологияи мошинсозӣ – номинатсияи фанҳои техникӣ.
  2. Давлатқадамова Моҳҷабин Нургуловна – донишҷӯи курси 3, ихтисоси сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ – номинатсияи ихтироъкорӣ ва наваоварӣ.
  3. Акрамов Акобир Акбарҷонович – донишҷӯи курси 3, ихтисоси неругоҳҳои барқӣ – номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Ҷойи дуюм

  1. Асомуддинов Сайид-Маҳдӣ Тоҷиддинович – донишҷӯи курси 3, ихтисоси системаҳои таъмини газу гармӣ ва ҳавотазакунӣ – бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, самти сохтмон ва меъморӣ.
  2. Сафаров Дилбоз Аҳтамҷонович – донишҷӯи курси 4, ихтисоси технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ – бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ.

Ҳамчунин ду нафар омӯзгорони донишгоҳ Насриддинов Абубакр Саидқулович – мудири кафедраи физика ва Зоиров Ҳусайн Абдураҳмонович – дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ барои саҳм гузоштанашон дар баргузории Озмун бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон барои саҳми назаррас гузоштан дар пешбурди илми тоҷик Ғафурзода Ҷалолиддин Садриддин – мудири кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, Назаров Акбар Шарифович – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот бо нишони аълочии маориф ва Мамурова Гулрухсор Қодировна омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дастоварди навбатии илмии донишҷӯёну устодонамонро ба кулли кормандони донишгоҳ муборакбод менамоем.

0-02-03-13912417852f16d175dd97fe38f9d4d57966b5d47f29f1c2e01a7751c18ae84c_89d46c0507c671b7

0-02-03-15e74921e5e646157abe989bb11679eb863cbe3735336dfee873c5040adabe6e_53d8bd3e847c56ea

0-02-03-2400215fd9a3ba998c36a1f7c292cc7da39fd87d72edc833dcc2f3cafb0b5654_b9d8d6b3bae5d07a

0-02-03-24bd671085984d6c77723791c6b6dc99e1b04536fd09f03f975708c9c938034f_2702e9c14dcc4a03

0-02-03-36152a2f4d97708be3598116005c0c0413cbdc289c98d3c31abd7d79a9220165_88b5a5fae718b10f

0-02-03-41f9c727b4e90674b293103377ce7c2362035b72d7871216bd32b4e0a333c673_2339b5c33e540799

0-02-03-55b41bd4393451f4f2bcdf3dfb3bdca1a915b41e79c93303820297ddd332e0c3_ed9ace882ea0e457

0-02-03-8c5d694118d43badfe40a4dd27f6fd87fff8ea7d75f0ad26c4612ecc0594fb23_6a11679ff9f3be8e

0-02-03-c224eaebca6c8f26c2245a29dae8565b74b98fc9b64e8c8f57facb07b593258d_960c4c1270e20081


Ба рӯйхат