КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИ СОҲАҲО ВА ИДОРА

 29.04.2024

25 апрели соли равон дар факултети иқтисоди соҳаҳо ва идораи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Масоили мубрами гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи институтсионалӣ, соҳавӣ ва техника " баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ бахшида шуда, онро ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ифтитоҳ бахшид.
Аз тарафи олимони дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз 95 мақолаи илмӣ аз рӯйи 5 бахш дар мавзӯъҳои рақамикунонӣ дар соҳаҳои саноат, алоқа, сохтмон, энергетика, нақлиёт, мошинсозӣ ва логистика пешниҳод ва баррасӣ гардид. Дар рафти конференсия иштирокчиён баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои муфидро баҳри татбиқи рақамикунонии иқтисоди кишвар ироа намуданд.

Ба рӯйхат