КОНФЕРЕНСИЯ ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКӢ

 22.05.2024

21-уми май бо ташаббуси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо номи академик М.С.Осимӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзию техникӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Конференсияи мазкур, ки дар Китобхонаи миллӣ доир шуд, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи системаҳои автоматонии идоракунии факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Раҷабалӣ Умарализода дар мавзӯи “Истифодабарии Cloud – технология дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва техникӣ” ва Саидаҳмад Нарзуллоев дар мавзӯи “Раванди татбиқи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар ташаккули ҳукумати электронии кишвар” маърӯза намуданд.
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори конфронс муовинони директори муассиса Салима Раҷабзода, Нурзода Ҷалолуддин, Зафар Саидзода намояндагӣ намуданд.
Инчунин, дар конференсияи мазкур намоянда аз раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Содиқ Ятимзода, доктори илмҳои химия, муовини директори маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муаттар Норова, номзади илмҳои математика – физика, дотсент – декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус Сафаргул Одиназода ҳузур доштанд.
Дар ҳамоиши илмӣ омӯзгорону донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ низ ширкат доштанд.
Дар ҷамъбасти кори конфронс муовини аввали Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Салима ба иштирокчиён изҳори сипос намуда, ба баромадкунандагон ва директори китобхонаи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, номзади илмҳои педагогӣ Мавлуда Саторова барои ҳамкории пайваста ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин ҳамоиши илмӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
 
441971022_999133138882152_320038249453471966_n

Ба рӯйхат