ИФТИХОРИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ

 23.05.2024

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Хушбахтона, дар озмун - олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон донишҷӯйи курси 3-юм, гурӯҳи 560202А -и факултети сохтмон ва меъморӣ Бозорзода Бахтиёр Бобохуҷа таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ Хусрав Абдусаломзода аз рӯйи номинатсияи математика дар байни иштирокчиёни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи сеюм шуд.
Номбурда бо мукофотпулӣ ва дипломи дараҷаи lll қадрдонӣ гардид. Маврид ба зикр аст, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар озмуни мазкур ба ҳисоб меравад.
 
99999999999

Ба рӯйхат