Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Нақши химия ва саноати химиявӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар”

 27.05.2024

24 майи соли равон дар факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши химия ва саноати химиявӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар” ва намоиши дастовардҳои илмии устодони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамоиши илмӣ ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бахшида шуда, дар кори он муҳаққиқону омӯзгорон иштирок варзиданд.

Аз тарафи олимони дохил ва хориҷи кишвар зиёда 100 аз мақолаи илмӣ аз рӯйи 6 бахш, таҳқиқоти химиявӣ, технологияи химиявӣ ва металлургия, мошинсозӣ ва технологияи мавод, экология, иқтисодиёт ва фанҳои бунёдӣ (математика, физика) пешниҳод ва баррасӣ гардид.

Дар кори конференсия аз 35 донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар мақолаҳои илмӣ ворид гардидиданд.

Дар рафти конференсия иштирокчиён баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои муфидро баҳри рушди саноати кишвар ироа намуданд.

24.05.2024.01

27.05.2024.03

 


Ба рӯйхат