ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

 27.05.2024

24 –уми май аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид.
Зимни ҷамъбасти озмун муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Нурляминзода Саида аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ёдовар шуд.
Гуфта шуд, ки сол то сол сафи иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд гардида, он байни ҷомеаи мадании мо ҳамчун падидаи нодири фарҳангиву маънавӣ қабул шудааст.
Номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забонҳои донишгоҳ Ҳикматов Ҷ.Ҳ. дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” ҷойи аввал, Воҳидов Нуриддин Маҳмудович, донишҷӯйи курси 4-уми факултети сохтмон ва меъморӣ дар номинатсияи “Эҷоди назм” ҷойи дуюм, Деҳотӣ Ҷонона, хонандаи синфи 9 - уми литсейи техникии донишгоҳ дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ҷойи дуюм ва Зулфонов Муҳаммадовуд, хонандаи синфи 6 – уми литсейи техникии донишгоҳ дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ҷойи якумро ишғол намуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва ғолибони озмун иштирок намуданд.
Ба ғолибони озмун Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба раёсати донишгоҳ барои омода намудани шогирдон дар озмун Сипоснома супорида шуд.
27.05.2024.01
27.05.2024.02

Ба рӯйхат