ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК!

 28.05.2024

Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳайати профессорон ва кормандони донишгоҳ аз он хушҳоланд, ки яке аз ходимони муваффақ дар ҷодаи илм, муаллими калони кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор Каримов Саъдӣ Мирзоевич 27 майи соли 2024 рисолаи илмиро барои дарёфти номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.08. – экология (соҳаи илмҳои техникӣ) дар мавзӯи “Арзёбии таъсири чанги истеҳсоли семент ба муҳити табиии атрофи шаҳри Душанбе (дар мисоли ҶСК «Сементи тоҷик»)” таҳти роҳбарии д.и.т дотсент Гулаҳмадов Ҳ. Ш. сарбаландона дифоъ намуд.
Ба номбурда дар фатҳи қуллаҳои баланди илм муваффақияти бештар таманно дорем.
28.05.2024.01

Ба рӯйхат