ИСТИҚЛОЛ - ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ МАРДУМИ ШАРАФМАНДИ МО

 13.09.2024

ИСТИҚЛОЛ - ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ МАРДУМИ ШАРАФМАНДИ МО
 
Таманниёти Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Устодон, донишҷӯён ва ҳамватанони гиромӣ!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ин рӯзҳои шодию фараҳмандӣ ҷашни бузурги миллӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, рушди устувор ва осудагии фарогир таҷлил менамоянд.
 
Истиқлол нишонаи озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, рушду тараққиёти ҷомеа, ҷашни хушнудӣ, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Истиқлол ормони ҳазорсолаи мардуми шарафманди мо буд, ки дар баробари ба даст овардани он халқи обрӯманди Тоҷикистон бо сарварии шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза бо дастовардҳои нав ба нав бархурдор мешаванд.
 
Воқеан ҳам, арзишмандтарин дастовард, ки поягузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошанд. Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон дониста мешавад.
 
Имрӯзҳо дар доираи амалисозии барномаҳои қабулгардида ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат, техника ва технологияҳои нав дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда истодаанд. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии мамлакат маҳсуб меёбанд. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои якҷояи миллати сарбаландамон се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидаанд. Ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
 
Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ шумораи зиёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд гардида, дар баробари ин бо азму талоши Пешвои муаззами миллат неругоҳи бузург – Роғун бунёд ва ду агрегати он ба фаъолият оғоз карданд, ки дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидати комил менамоянд.
 
Давоми соҳибистиқлолӣ муҳимтарин иншооти соҳаи роҳ ва нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. «Мурғоб - Қулма», «Шоҳон - Зиғар марҳилаҳои 1, 2, 3», «Шкев - Зиғар», «Душанбе – Қурғонтеппа – Данғара - Кӯлоб», «Дӯстӣ - Панҷи Поён, марҳалаҳои 1, 2», «Душанбе - сарҳади Қирғизистон, марҳалаҳои 1, 2, 3», «Душанбе – Чаноқ - сарҳади Ӯзбекистон», «Қурғонтеппа - Дӯстӣ, марҳалаи 1», «ДушанбеТурсунзода-сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ-Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон», нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ», «Хатлон» аз муҳимтарин иншооти сохтмонӣ ва роҳҳои автомобилгард дониста мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии заминавӣ барои татбиқи 3 ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мутахасисони баландихтисосро омода намуда, дар ин замина саҳми худро дар рушди Ватани азизамон мегузорад.
 
Ҳоло мо шукрона аз он мекунем, ки дар чунин фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар мебарем ва барои ободии ин сарзамин кӯшиш менамоем.
Ба муносибати санаи фархундаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли Шумо - ҳамватанонро самимона шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, саодати зиндагӣ ва дар тарбияи насли ояндаю созанда дастоварду пешравиҳои назаррасро орзу менамоям.
 
Возможно, это изображение 1 человек
 
 
 
 

Ба рӯйхат