ИДОМАИ АКСИЯИ ЭҶОДӢ ДАР МАҶМААИ "ИСТИҚЛОЛ"

 13.09.2024

ИДОМАИ АКСИЯИ ЭҶОДӢ ДАР МАҶМААИ "ИСТИҚЛОЛ"
 
Дар назди маҷмааи "Истиқлол" имрӯз аксияи эҷодӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид.
Дар аксияи эҷодӣ устодон ва донишҷӯёни кафедраҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, дизайни муҳити меъморӣ ва тармим иштирок намуданд.
 
Иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, аксияҳои эҷодӣ дар боғу майдонҳои пойтахт пайваста баргузор хоҳанд гашт.
 
Имрӯз ҳамчун бошандаи кӯчаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургиҳояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеҳанест, ки дилу дидаҳоро қарину барҷост.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат