ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТ ВА ҚАДРДОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

 13.09.2024

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТ ВА ҚАДРДОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва омодагии ҳамаҷонибаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷаласаи корӣ доир гардид.
Чаласаро раиси Комиссияи даъвати шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ оғоз намуда, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи масъулини комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар самти сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт иҷрошуда суханронӣ намуд.
 
Дар идома аз ҷониби мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Сайдуллозода Фурқат Фарҳод дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сарфароз гардонидани нафарони арзанда бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳо қироат карда шуд.
 
Ба ҳамин тартиб масъулини як қатор сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои саривақтии Нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳии ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат