#IT ВА РАҚАМИКУНОНӢ. МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ДАВЛАТЗОДА ҚУДРАТ ҚАМБАР ҶИҲАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ
13 сентябри соли равон мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо намояндагони Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Соҳаи IT, рақамикунонӣ, Парки технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи нақшаҳои дуҷониба дар ин самт аз муҳимтарин масъалаи мулоқоти ду ҷониб ба ҳисоб мерафт.
Таъкид шуд, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва роҳандозии васеи инноватсия ба пешрафти маҷмӯии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасониҳои электронӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки солҳои охир дар заминаи рушди бемайлони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавассути таъсис ва фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ, паркҳои технологияҳои иттилоотӣ, паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ аз ҷониби устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ яқ қатор лоиҳаҳои самарабахш анҷом дода шуда, дар ин самт корҳо ҷараён доранд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба такмили дараҷаи касбии устодон, иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, табодули академӣ, тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои соҳаро баррасӣ намуда, ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.