ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

 03.10.2024

ПИРӮЗӢ МУБОРАК!
 
ҒОЛИБОНИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
 
Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад. Мақсади гузаронидани озмуни мазкур рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва пайвасти илм бо истеҳсолот буда, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
 
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 28 сентябр ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар чорабинии мутантан аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷоизаву диплом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
 
Хушбахтона, дар даври шаҳрии озмуни мазкур 1 нафар докторанти PhD ва 7 нафар донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд:
 
МИРЗОВАЛИЕВ ХУШБАХТ ИСМОИЛОВИЧ – магистранти курси 1-уми факултети механикӣ ва технологӣ, ғолиби ҷойи I аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
 
ИНОЯТОВ ШАҲРИЁР ШАВҚАТБОЕВИЧ – донишҷӯйи курси 2-юми факултети муштараки ДМТБ-ДТТ, ғолиби ҷойи I аз рӯйи номинатсияи “Физика ва астрономия”
 
ЗАМОНОВ ҲОТАМҶОН РУСТАМОВИЧ – донишҷӯйи курси 4-уми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
 
ГУЛЯМОВ БАХТИЁР АМИРШОЕВИЧ, докторанти PhD факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
 
ФАЙЗУЛОЕВ СИЁВУШ ЭМОМАЛИЕВИЧ – донишҷӯйи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот, ғолиби ҷойи II аз рӯйи номинатсияи “Технологияи информатсионӣ”.
 
КАМОЛЗОДА НАВРӮЗШОҲ СУБҲИДДИН – донишҷӯйи курси 2-юми факултети муштараки ДМТБ-ДТТ, ғолиби ҷойи III аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
 
АФРОИМОВ БИНЁМИН ҶАМШЕДОВИЧ – донишҷӯйи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот, ғолиби ҷойи III аз рӯйи номинатсияи “Технологияи информатсионӣ”.
 
САНГИНЗОДА ШАҲЗОД ХАЙЁМ – донишҷӯйи курси 2-юми факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯйи номинатсияи “Химия”.

 
 
      Возможно, это изображение 1 человек и текст
 
 
 
 
 
 
 
Возможно, это изображение 1 человек и текст Возможно, это изображение 1 человек и текст
 
 
 
 

Ба рӯйхат