ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

 03.10.2024

 
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР
 
3-юми октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Ҳамоиш бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зарина Зуҳурзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ва сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Қудрат Давлатзода оғоз ёфт.
Ректори донишгоҳ оид ба қадру манзалати омӯзгор, нақши таърихии забони тоҷикӣ ва покиза нигоҳ доштани он изҳори андеша намуд. Ба таъкиди ректор, қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мо аст, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз донем, дӯст дорем, эҳтирому эҳтиёт намоем.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода доир ба мавқеи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуд.
 
Ҳамчунин, дар ҳамоиш гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф бештар аст ва ҳамасола баҳри баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа тамоми имкониятҳо истифода мешаванд. Ҳадаф аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат низ нисбат ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода гардад.
 
Дар охир бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор як зумра омӯзгорони донишгоҳ ва дорои натиҷаҳои назаррас бо «Сипоснома» - ректори Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат