ОҒОЗИ ФОРУМИ III РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

 27.11.2024

ОҒОЗИ ФОРУМИ III РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони "Маориф ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус" оғоз ёфт.

Дар кори форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар ва дигар роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доранд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз масаъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.

Тибқи барнома, форум дар ду бахш идома намуда, суханронии ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар дар бахши дуюм дар мавзуи «Табдилдиҳии рақамии таҳсилот: мушкилот ва имкониятҳо барои донишгоҳи замонавӣ» ва ба имзо расонидани созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

FB_IMG_1732685959253FB_IMG_1732685953842FB_IMG_1732685956095

 


Ба рӯйхат