ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

 11.12.2024

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.

Имсол дар ин Озмун аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ нафарорни зерин ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд:

1. МИРЗОВАЛИЕВ ХУШБАХТ ИСМОИЛОВИЧ– магистранти курси 1-уми факултети МваТ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”;

2. ИНОЯТОВ ШАҲРИЁР ШАВҚАТБОЕВИЧ – донишҷӯи курси 2-юми факултети муштараки ДМТБ-ДТТ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”;

3. ЗАМОНОВ ҲОТАМҶОН РУСТАМОВИЧ – донишҷӯи курси 4-уми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”;

4. АФРОИМОВ БИНЁМИН ҶАМШЕДОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети ТРС ва ҲИ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Технологияи информатсионӣ”;

5. ФАЙЗУЛОЕВ СИЁВУШ ЭМОМАЛИЕВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети ТРСваҲИ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Технологияи информатсионӣ”;

6. ГУЛЯМОВ БАХТИЁР АМИРШОЕВИЧ, докторанти PhD факултети СваМ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.

Рӯзи 10-уми декабри соли 2024 дар ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ ин 6-нафар ғолибон ва роҳбарони онҳо бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

IMG_3936IMG_3941


Ба рӯйхат