Санаи 12 декабри соли 2024 бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар кафедраи ТЕХНОЛОГИЯ ВА ТАҶҲИЗОТИ САНОАТИ НАССОҶӢ, конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои мубрами рушди саноати нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи саноатикунонии босуръат” баргузор гардид.
Аз тарафи олимони дохил ва хориҷи кишвар мақолаҳои илмӣ аз рӯйи бахшҳои;
Технологияи маводҳои нассоҷӣ ва экология; (36-адад)
Иқтисодиёт, технологияҳои иттиллотӣ ва энергетика; (22-адад)
Технологияи химиявӣ, металлургия, мошинсозӣ ва масолеҳшиносӣ; (30-адад)
Илмҳои бунёдӣ (математика, физика, химия) вафанҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ. (17-адад)
пешниҳод ва баррасӣ гардид.
Дар умум ба конференсия 105 мақола аз тарафи зиёда аз 80 олимон пешниҳод шуд, аз ҷумла Тоҷикистон – 89 мақола, Федератсияи Россия – 5 мақола, Узбекистон – 10 мақола, Аргентина – 1 мақола.
Иштироккунандагони конференсия қайд намуданд, ки масъалаҳои муҳиме, ки дар назди саноати нассоҷӣ истодаанд ин ба пуррагӣ истифодабарии ашёи хоми пахтаи ватанӣ, коркарди пурра ва ниҳоии он, норасоии кадрҳои баландихтисос, зарурати навсозии иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва масъалаҳои марбут ба истифодаи техника ва технологияи инноватсионӣ дар истеҳсоли молу маҳсулоти нассоҷӣ мебошанд. Ҷорӣ намудани технологияҳои нави рақамӣ, ба монанди зеҳни сунъӣ имкониятҳои бузургро барои баланд бардоштани самаранокӣ истеҳсолоти ин соҳа мекушоянд.
Дар ҷамъбасти конференсия н.и.т дотсент Сафаров Ф.М. қайд намуд, ки таваҷҷӯҳи асосӣ бояд ба ҳамгироии илм ва саноат барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда равона карда шавад. Танҳо бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем мушкилоти мубраму муосири саноати нассоҷиро паси сар кунем ва рушди минбаъдаи устувори онро таъмин ва ҳадафи стратегии кишвар саноатикунонии босуръати кишварро таъмин намоем.