ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МАШҒУЛИЯТИ ИНТЕРАКТИВИИ МУШТАРАКИ “НЕКСУС: ОБ-ЭНЕРГИЯ-ОЗУҚАВОРӢ”

 23.01.2025

ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МАШҒУЛИЯТИ ИНТЕРАКТИВИИ МУШТАРАКИ “НЕКСУС: ОБ-ЭНЕРГИЯ-ОЗУҚАВОРӢ”
 
21-22 январи соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти интерактивӣ дар шакли тренинг аз рӯйи методикаи инноватсионии "Нексус: Об-Энергия-Озуқаворӣ" баргузор гардид.
 
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ташкил гардида, ҳадафи он омода намудани тренерҳо аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омӯзиши робитаи соҳаи энергетика ва таъсири омилҳои мураккаб ба муҳити зистро роҳандозӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки тренинги болозикр дар шакли бозии интерактивӣ ташкил гардида, барои қабули қарорҳои мувозинатнок кӯмак мекунад. Чунин навъи тренинг ба иштирокчиён имкон дод, ки чолишҳои ҷаҳониро аз назари ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ намуда, воситаҳои амалии таҳлил ва ҳалли идоракунии захираҳоро амиқтар омӯзанд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни баргузории тренинг ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ нусхаи харитаи бозии Нексус бо забони тоҷикӣ тақдим гардид.
 
Дар интиҳои тренинг шунавандагон бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат